Мувофиқати Исроил бо озодии 400 асири фаластинӣ
Шабакаи Алҷазираи Қатар бомдоди сешанбе гузориш дод, ки Исроил бо озодии 400 асири фаластинӣ мувофиқат кардааст.
Ба гузориши ИРНА, ин манобеъ, ки хостанд номашон фош нашавад ба Алҷазира гуфтаанд, ки номи афроде, ки маҳкумияти тулонӣ доранд, низ дар миёни касоне, ки Исроил бо озодии онҳо мувофиқат карда, дида мешавад.
Ин манобеъ афзуданд, ки озодии ин 400 нафар дар муқобили 40 асири зани исроилӣ ва солманди ин режим анҷом хоҳад шуд.
Шабакаи Аларабия пештар дар гузорише эълом кард, ки Давҳа, пойтахти Қатар рӯзи душанбе мизбони даври наве аз гуфтугӯҳо дар бораи оташбас дар Ғазза буд, ки бо ҳузури намояндагони режими саҳюнистӣ ва намояндагони Ҳамос ва миёнҷиҳое аз Қатар, Миср ва Амрико баргузор шуд.
Аларабия ҳадаф аз ин музокиротро дастёбӣ ба тавофуқ дар мавриди оташбас дар навори Ғазза ва табодули асирони фаластинӣ ва режими саҳюнистӣ донист.