Ҳадаф қарор гирифтани мавзеъҳои низомиёни саҳюнист аз сӯи Ҳизбуллоҳ
(last modified Sat, 02 Mar 2024 07:08:56 GMT )
Март 02, 2024 12:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳадаф қарор гирифтани мавзеъҳои низомиёни саҳюнист аз сӯи Ҳизбуллоҳ

Дар ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии неруҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон ба мавозеъи низомиёни режими саҳюнистӣ дар шимоли Фаластини ишғолӣ ва низомиёни шаҳраки «Миъён Борух», шуморе аз ишғолгарон кушта ва захмӣ шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи ҷумъа эълом кард: Гурӯҳе аз низомиёни ишғолгарро дар атрофи мавқеияти низомии Аламнора мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор додааст, ки бар асари ин ҳамла, неруҳои ишғолгар кушта ва захмӣ шуданд.

 Ҳизбуллоҳ дар амалиёти дигаре, як паҳподи интиҳориро ба тарафи низомиёни режими саҳюнистӣ, ки дар ҳоли истиқрор дар шаҳраки «Миъён Борух» буданд, шиллик кард, ки мунҷар ба бархурди он ба низомиёни мазкур шуд.

 Размандагони муқовимати Лубнон аз рӯзи ҳаштуми октябр (16 меҳр) ва танҳо як рӯз пас аз оғози амалиёти «Тӯфон-ул-Ақсо» дар Ғазза вориди рӯёрӯӣ бо душмани саҳюнистӣ шудаанд.

 Дар ин бора расонаҳои саҳюнистӣ низ борҳо эътироф кардаанд, ки Ҳизбуллоҳ дар шимоли сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳамчунон дасти бартарро дорад ва артиши Исроил дар ин минтақа ба дом афтодааст.