Дархости дабири кулли Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс барои оташбас дар Ғазза
(last modified Sun, 03 Mar 2024 13:31:50 GMT )
Март 03, 2024 18:31 Asia/Dushanbe
  • Дархости дабири кулли Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс барои оташбас дар Ғазза

Дабири кулли Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс бори дигар хоҳони барқарории оташбас дар Борикаи Ғазза ва ирсоли кумакҳои инсонӣ ва имдодӣ ба аҳолии ин минтақаи ҷангзада шуд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии «Алҷазира», Ҷосим Ал- Будайвӣ, дабири кулли Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс рӯзи якшанбе дар нишасти муштараки аъзои ин шӯро ва намояндагони Мағриб, Урдун ва Миср бо таъкид бар истодагӣ дар канори миллати Фаластин, гуфт, ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба Борикаи Ғазза бояд сареъан мутаваққиф шавад.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид низ бо судӯри баёнияе зимни ибрози нигаронӣ аз идомаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ хусӯсан ҳамла ба таҷаммуъи ғайринизомиёни фаластинӣ дар маҳали тавзеъи кумакҳои башардӯстона дар шимоли Борикаи Ғазза, бар афзоиши имдодрасонӣ ба Борикаи Ғазза, ҳимоят аз ғайринизомиёни фаластинӣ ва ҳифозат аз зерсохтҳои Борикаи Ғазза таъкид кард.