Таъкиди Сайидҳасан Насруллоҳ бар ҳимоят аз мардуми Ғазза
-
Таъкиди Сайидҳасан Насруллоҳ бар ҳимоят аз мардуми Ғазза
Сайидҳасан Насруллоҳ Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон зимни таъкид бар ҳимоят аз мардуми Ғазза , гуфт : Бояд бо дуо ва кумаки низомӣ ва молӣ аз мардуми Ғазза ҳимоят кард .
Ба гузориши Ирно , Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнони чаҳоршанбе шаб дар муҷтамаъи Сайида Зайнаб ( а) дар Ҳумаи ҷанӯби Бейрут
Гуфт : Пуштибонӣ аз Ғазза натанҳо бо кумаки низомӣ ва молӣ сӯрат мегирад , балки дар ин рӯзҳо барои мардуми Ғазза дуо кунед .
Вай афзӯд : Дар ин рӯзҳо ки шоҳиди куштори дастаҷамъии режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза ва дар сояи сукут ҷаҳониён ҳастем , барои ёрии мардуми Ғазза дуо кунед.
Насруллоҳ таъкӣд кард : Ҷиҳод , фарҳанги имонӣ - Қуръониро дар ишқ ба шаҳодат ва васиятномаи ҷавонони ғаюри Фаластин таҷаллӣ ёфтааст .
Вай гуфт : Ёрирасонон ба Ғазза дар моҳи мубораки Рамазон бо қудрати бештар дар минтақа ҳозир хоҳанд буд .
Насруллоҳ дар поён ҳулӯли моҳи мубораки Рамазонро ба ҳамаи мусулмонон табрик гуфт .