Режими Баҳрайн муҳокимаи Шайх Исо Қосимро ба таъхир андохт
Додгоҳи режими Оли Халифаи Баҳрайн рӯзи панҷшанбе баргузории мурофиаи баъдии Шайх Исо Қосимро ба 30-юми январ ба таъхир гузошт.
Ба гузориши ИРНА, додгоҳи режими Баҳрайн пас аз он ки ҷузъиёти ҳисобҳои марбут ба Шайх Исо Қосим, рӯҳонии аршади ин кишварро дарёфт кард, як бори дигар ҷаласаи додгоҳии ин рӯҳонии барҷастаи Баҳрайнро ба таъхир андохт.
Режими Оли Халифа Шайх Исо Қосим ва Шайх Ҳусейн ал-Маҳрус, раиси дафтарашро бо баҳонаи дарёфти хумс аз пайравони худ ба ҷамъоварии бидуни иҷозаи амвол ва пулшӯӣ муттаҳам кардааст. Ин дар ҳолест, ки шиаён илова ба закот муваззаф ба пардохти хумс низ ҳастанд.
Режими Оли Халифа аз 200 рӯзи қабл тобеияти Шайх Исо Қосимро лағву маҳалли сукунати ӯ дар минтақаи ад-Дирозро муҳосира кардааст ва иддае аз мардуми Баҳрайн низ аз ҳамон ҳангом барои ҷилавгирӣ аз боздошти ин рӯҳонии аршади Баҳрайн назди хонаи ӯ ҷамъ омадаанд.
Ба гуфтаи Шайх Ҳусейн ад-Диҳӣ, муовини дабири кулли ҷамъияти “Вифоқ”-и Баҳрайн, ҷомеаи байналмилалӣ пас аз гузашти 200 рӯз ҳамчунон дар баробари муҳосираи мусаллаҳонаи минтақаи ад-Дирози Манама, ки беш аз 20 ҳазор сокин дорад, ба сиёсати сукут идома медиҳад ва муҷозоти гурӯҳию ваҳшигарии режими Оли Халифаро бепосух гузоштааст.