Январ 05, 2017 20:22 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ - омили куштори кӯдакони Фаластин

Созмони байналмилалии дифоъ аз кӯдакон эълом кард, режими Исроил омили аслии кушта шудани даҳҳо кӯдаки бегуноҳи Фаластин дар соли гузашта аст.

Ба гузориши “Пресс” ТВ, Созмони байналамилалии дифоъ аз кӯдакон (DCI) рӯзи панҷшанбе дар гузорише эълом кард, низомиёни саҳюнист дар соли 2016 дастикам 25 кӯдаки фаластиниро шаҳид ва 83 кӯдаки дигарро низ маҷрӯҳ кардаанд. Ин муассисаи мардумниҳод ҳамчунин ҳушдор додааст, низомёни Исроил дар қиболи истифода аз силоҳ зидди фаластиниҳо посухгӯ нестанд. Бар асоси ин гузориш, дар соли 2016 дастикам 32 кӯдаки фаластинӣ дар Каронаи Бохтарии ишғолшудаи рӯди Урдун кушта шудааст, ки 19 нафари онҳо аз 16 то 17-сола ва 13 нафарашон низ байни 13 то 15-сола будаанд.

Дидбони ҳуқуқи башар низ чанде пеш эълом карда буд, аз моҳи октябри соли 2015 беш аз 150 парвандаро сабт кардааст, ки дар он низомиёни режими саҳюнистӣ кӯдакон ва бузургсолони фаластиниро бо зарби гулӯла куштаанд.

 

Барчасп