Таъкиди Антонио Гутерриш бар барқарории ҳарчӣ зудтари оташбас дар Ғазза
Март 24, 2024 17:36 Asia/Dushanbe
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бори дигар таваққуфи ҳамалоти артиши Исроил ба минтақаи борикаи Ғазза ва барқарории оташбаси фаврӣ дар ин минтақаро хостор шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дирӯз (шанбе) дар боздид аз гузаргоҳи марзии Рафаҳ (байни борикаи Ғазза ва Миср) бо баёни ин ки ҳар гуна ҳамлаи бештари артиши Исроил ба борикаи Ғазза авзои ғайринизомиёни фаластинӣ ва кулли минтақаро бадтар хоҳад кард, гуфт: “Беш аз ҳар замони дигаре вақти оташбас фаро расидааст”.