Шаҳодати 400 фаластинӣ дар атрофи бемористони «Шифо» дар Ғазза
Дафтари итnилоърасонии давлати Фаластин дар Борикаи Ғазза эълом кард, беш аз 400 фаластинӣ дар тирандозиҳои низомиёни режими наслкуши Исроил дар атрофи бемористони «Шифо» ба шаҳодат расидаанд.
Ба гузориши хабаргузории Самои Фаластин, дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар Борикаи Ғазза эълом кард, артиши режими саҳюнистӣ дар ҷиноёте бузург, як ҳазору 50 хонаро дар атрофи бемористони «Шифо» дар шаҳри Ғазза тахриб кардааст.
Дафтари иттилоърасонии давлати Фаластин дар Борикаи Ғазза бо маҳкӯм кардани сукути ҷомеъаи байналмилал дар баробари ҷиноёти режими Исроил, давлати Амрико ва ҷомеъаи ҷаҳониро ба сабаби ҳамсӯӣ бо наслкушии артиши ишғолгар масъӯл донист.
Аҳмад Ал Каҳлут, мудири бемористони Камол Ал Адвон дар Борикаи Ғазза низ бо баёни инки кадри дармонии ин маркази дармонӣ дар шароити бисёр сахте кор мекунанд, тасреҳ кард, захмиҳо ҳам ба таҷҳизоти дармонии пешрафта ниёз доранд, ки ҳамакнӯн дар ҳеҷ бемористоне мавҷӯд нест.
Дар ҳамин робита Раед ан-Нимс, сухангӯи Созмони Ҳилоли Аҳмари Фаластин таъкид кард, овора шудани сокинони Борикаи Ғазза вахомати вазъияти беҳдоштиро ташдид кардааст.
Вазорати беҳдошти Фаластин дар Борикаи Ғазза низ шанбешаб эълом кард, 107 бемор ва 60 кадри пизишкӣ дар бемористони «Шифо» бидуни об, барқу дору дар муҳосираи низомиёни исроилӣ ҳастанд.
Дафтари иттилоърасонии давлатии Фаластин пештар ҳам эълом карда буд, барасоси иттилооти ба даст омада, низомиёни режими ишғолгари саҳюнистӣ беш аз 200 овораи фаластинии паноҳ гирифта дар бемористонро қатли ом ва беш аз як ҳазор овораи дигарро боздошт кардаанд.