Апрел 06, 2024 11:51 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дубораи Антониу Гутерриш бар барқарории оташбас дар Ғазза

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бори дигар бар барқарории оташбас дар Борикаи Ғазза ва таваққуфи ҳамалоти Исроил таъкид кард.

Пештар Антониу Гутерриш таваққуфи ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза ва барқарории оташбасро хостор шуда буд, аммо ин режим бидуни таваҷҷуҳ ба қавонини байналмилалӣ ва маҳкӯмиятҳои ҷаҳонӣ ҳамчунон ба ҳамалоти худ идома медиҳад.

Дар ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри соли 2023 токунӯн беш аз 33 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 75 ҳазор нафари дигар захмӣ шуданд.

Шарти ҳамаи гаравгонҳо, ҳифозат аз ғайринизомиёну ирсоли бидуни монеъи кумакҳои башардӯстона такрор мекунад.

Гутерриш афзуд, шаш моҳ аз ҷанги Ғазза мегузарад ва мо дар остонаи қаҳтии ҷамъӣ, оташи минтақаӣ, аз даст додани комили имон ба стандартҳо ва ҳанҷорҳои ҷаҳонӣ ҳастем, вақти он аст, ки аз он партгоҳи ақибнишинӣ кунем, аслиҳаҳоро канор бигзорем, ранҷи ваҳшатнокро коҳиш диҳем ва қабл аз инки хеле дер шавад, қаҳтии эҳтимолиро мутаваққиф кунем.

Вай гуфт, вазъияти Ғазза комилан ноумедкунандааст ва шароити башардӯстонаи буҳронӣ, мусталзими як ҷаҳиши бисёр бузург дар ироаи кумакҳои наҷотбахш аст, ба ҳамин хотир дархостҳои худро барои оташбаси фаврии башардӯстона дар Ғазза бори дигар такрор мекунад.

Дабири кулли Созмони милал афзуд, беш аз ниме аз ҷамъияти Ғазза ё беш аз як миллион нафар бо гуруснагии фоҷеъаборе рӯбарӯ ҳастанд, кӯдакони Ғазза имрӯз ба далели камбуди об ва ғизо мемеранд.

Антониу Гутерриш хотирнишон кард, дар ҷанги Ғазза ҳудӯди 196 фаъоли башардӯстона, аз ҷумла беш аз 175 нафар аз кормандони Созмони Милали Муттаҳид кушта шуданд.

 

Барчасп