Апрел 13, 2024 17:38 Asia/Dushanbe
  • Кантроли як паҳподи исроиилии дигар ба дасти нерӯҳои фаластинӣ афтод
    Кантроли як паҳподи исроиилии дигар ба дасти нерӯҳои фаластинӣ афтод

Нерӯҳои фаластинӣ бори дигар муваффақ шуданд кантроли як паҳподи мутаъаллиқ ба артиши режими саҳюнистиро дар борикаи Ғазза ба даст бигиранд .

Ба гузориши хабаргузории Меҳр , гардонҳои Қудси шохаи низомии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин имрӯз шанбе эълом кард , нерӯҳои фаластинии вобаста ба ин гардонҳо муваффақ шуданд кантроли як паҳподи саҳюнистӣ аз навъи Skylark-ро дар Хон Юнус воқеъ дар ҷануби борикаи Ғазза ба даст бигиранд .

Чанде қабл низ гардонҳои Қудс эълом карда буданд ки як паҳподи режими саҳюнистиро аз навъи Skylark  дар осмони Ғазза ҳадаф қарор дода ва соқит карданд .

Соъате қабл низ гардонҳои шуҳадои Алақсои шохаи низомии Ҷунбиши фатҳ ҳам эълом кард ки размандагони фаластинии вобаста ба ин гардонҳо таии 48 соъати гузаштаи даст кам панҷ амалиёти қобили тавваҷуҳи алайҳи низомиёни саҳюнист дар навори Ғазза анҷом додаанд .

Дар ин баёнияи таъкид шудааст ки неруҳои муҷоҳиди фаластинӣ муваффақ шуданд ин панҷ амалиётро дар шимоли урдӯгоҳи Алнасироти воқеъ дар навори Ғазза анҷом диҳанд.

Барчасп