Ҳимояти Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон аз хезишҳои донишҷуёни ҳомии Фаластин
(last modified Wed, 01 May 2024 12:17:53 GMT )
Май 01, 2024 17:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон аз хезишҳои донишҷуёни ҳомии Фаластин

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон бо судури баёнияе хезишҳои донишҷӯӣ дар донишгоҳҳои Амрико ва дигар кишварҳо барои ҳимоят аз Фаластинро сутуд.

Ба гузориши вебгоҳи арабии 21, ин иттиҳодия саркӯби тазоҳуроти устодон ва донишҷуҳои ҳомии Фаластин тавассути полиси Амрико ва Олмон дар донишгоҳҳоро маҳкум ва эълом кард: «Гӯи бо як давлати диктаторӣ рӯбарӯ ҳастем.»

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон куштори ҷамъӣ ва бевақфаро маҳкум ва таваққуфи ҷанги хунин дар Ғазза ва дифоъ аз миллати Фаластин дар ин борика ва Каронаи бохтарӣ алайҳи артиши режими ишғолгарро хостор шуд.

 Нуқтаи оғози ин хезишҳо замоне буд, ки донишҷуёни амрикоӣ 18 апрели ҷорӣ дар донишгоҳи Колумбия дар шаҳри Нию-Йорк барои эъломи мухолифати худ бо ҷанг алайҳи борикаи Ғазза таҷаммӯъ карда ва аз мудирони донишгоҳи худ хостанд ҳамкориҳои академикиашон бо донишгоҳҳои режими саҳюнистиро мутаваққиф карда ва сармояҳои худро аз ширкатҳое, ки ҳомии ишғоли Фаластин ҳастанд, хориҷ кунанд.

 Пас аз мудохилаи неруҳои полис ва боздошти даҳҳо донишҷуи амрикоӣ, хашм дар донишгоҳҳои ин кишвар густариш ёфта ва тазоҳурот ба даҳҳо донишгоҳи дигар дар иёлатҳои мухталифи ин кишвар расид.

 Дар идома ҷунбиши донишҷӯии бесобиқае дар ҳимоят аз Фаластин дар донишгоҳҳои Амрико ба донишгоҳҳои кишварҳое чун Фаронса, Биритониё ва Олмон кашида шуд ва ҳамагии онҳо акнун шоҳиди баргузории тазоҳуротҳо дар ҳимоят аз сокинони Ғазза ва дархости барои таваққуфи ҷанг дар ин минтақа ва таҳрими ширкатҳое ҳастанд, ки силоҳ дар ихтиёри режими саҳюнистӣ қарор медиҳанд.