Идомаи ҳамалоти ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза
Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ бори дигари шаҳри Ғаззаро ҳадаф қарор доданд .
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ; маркази итилоърасонии Фаластин , тасовире аз ҳамалоти ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба шарқи маҳалла “ Ал-Зайтун “ дар ҷануби шаҳри Ғазза мунташир кард .
Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард , шумори шуҳадои борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри соли 2023 милодӣ токунӯн , ба 34 ҳазору 568 нафар афзоиш ёфтааст .
Дар ҳамин ҳоли Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон дар посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва дар ҳимоят аз миллати Фаластин , аз тадовуми ҳамалоти мушакӣ ба мавозиъи режими саҳюнистӣ дар Фаластини ишғолӣ хабар дод .
Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард , размандагони ин Ҷунбиш , сохтимоне дар минтақаи ишғолӣ « Ал-Метулаҳ »ро ҳадаф қарор доданд ки ба сӯрати мустақим ба ҳадаф исобат кард .
Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин пойгоҳи Ал-Бағдодӣ дар Ҷалил Алиё дар шимоли Фаластини ишғолиро ҳадафи ҳамалоти тӯпхонаӣ қарор дод .