Ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи мутаҷовизони амрикоӣ дар шарқи Сурия
(last modified Sat, 04 May 2024 09:57:20 GMT )
Май 04, 2024 14:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи мутаҷовизони амрикоӣ дар шарқи Сурия

Пойгоҳи ишғолгарони амрикоӣ дар майдони нафтии Алумар дар хоки Сурия ҳадафи як ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, дар ин ҳамлаи мушакӣ, ҳафт мушак ба самти пойгоҳи ишғолгарон шиллик шуд.

 Аз замони ташдиди даргирии Фаластин ва режими саҳюнистӣ дар октябри 2023, неруҳои мутаҷовизи амрикоӣ ва эътилоф дар Ироқ ва Сурия борҳо ҳадафи ҳамлаи мушакӣ ва пҳподҳо қарор гирифтаанд.

 Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд ва неруҳои амрикоӣ дар идома ба баҳона мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ, ки маҳсули сиёсатҳои ҷангафрӯзонаи Амрико буд вориди Сурия шуданд ва бо ишғоли манотиқи нафтхези Сурия иқдом ба дуздии манобеъи ин кишвар карданд.Ҳузури мутаҷовизони амрикоӣ дар Сурия дар ҳоле идома дорад, ки давлати Димишқ борҳо мухолифати худ бо ҳузури ишғолгаронро эълом кардааст.