Май 11, 2024 10:32 Asia/Dushanbe
  • Натанёҳу;монеъи аслии оташбас дар борикаи Ғазза

Ноиби раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, ҳама тарҳҳо ва роҳкорҳои пешниҳодӣ барои барқарории оташбас дар Ғазза ва мубодилаи асирон ба иллати мухолифати нахуствазири режими саҳюнистӣ, шикастхӯрда ва бенатиҷа мондааст.

Ҷунбиши Ҳамос мувофиқати худро бо пешниҳоди ироашуда аз сӯи Қатар ва Миср дар бораи табодули асирон ва барқарории оташбас бо режими саҳюнистӣ дар борика эълом кард.

Бо вуҷуди истиқболи тарафҳои байналмилалии мухталиф аз иқдоми Ҳамос, Натанёҳу пешниҳоди ироашударо рад кард ва муддаӣ шуд, ки ин пешниҳод бо хостаҳои Тел-Авив фосилаи зиёде дорад ва фақат эҷоди фишори низомӣ бар Ҳамос бо оғози юриш ба шаҳри Рафаҳ дар ҷануби борика , ин ҷунбишро ба пазириши шартҳои Тел-Авив маҷбур мекунад.

 Дар ҳамин росто ба гузориши рӯзи шанбеи ИРНА, Халил ал-Ҳия-ноиби раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос гуфт: Ҳамос ба думболи оташбас ва тавофуқи ҳақиқӣ барои мубодилаи асирон аст, аммо Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ ба думболи идомаи ҷанг барои таъмини аҳдофи шахсӣ ва сиёсии худ аст.

Халил ал-Ҳия тасреҳ кард, музокирот барои оташбас ва мубодилаи асирон ба сабаби ҳамлаи заминии режими саҳюнистӣ ба шаҳри Рафаҳ, дар ҷануби борика пешрафте надоштааст.

 

Барчасп