Январ 08, 2017 18:31 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Башор Асад ва мақоми аршади эронӣ дар бораи таҳаввулоти Сурия

Раиси ҷумҳурии Сурия ва дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Димишқ дар бораи равобити дуҷонибаву таҳаввулоти муҳими минтақа, ба вижа Сурия ройзанӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва ҳамоҳангкунандаи иқдомоти сиёсӣ, амниятӣ ва дифоии Эрон бо Сурияву Русия рӯзи якшанбе бо Башор Асад дар Димишқ дидору гуфтугӯ кард.

Шамхонӣ қарор аст бо дигар мақомоти сурӣ, аз ҷумла Алӣ Мамлук, раиси дафтари амнияти миллии Сурия дидор ва дар бораи масоили муҳими минтақа, равобити дуҷониба, таҳаввулоти Сурия ва охирин вазъияти мубориза бо терроризм табодули назар кунад.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон имрӯз ҳангоми вуруд ба Димишқ, озодсозии Ҳалабро мавзӯи ҳасссое дар раванди ҳаводиси таҳмилшуда ба мардуми Сурия донисту гуфт, муқовимати мардуми ин кишвар нишон дод, ки терроризму овардани бесуботӣ наметавонад дар баробари истодагии як миллат ба пирӯзӣ бирасад.

 

Барчасп