Январ 08, 2017 20:52 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шадиди фақр дар борикаи Ғазза

Маркази ҳуқуқи башари Фаластин аз афзоиши 65 дарсадии фақр дар борикаи Ғазза дар натиҷаи муҳосираи комили ин минтақа аз сӯйи режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Маркази ҳуқуқи башари Фаластин дар гузориши ҷадиди худ ҳамчунин эълом кард, мизони бекорӣ дар борикаи Ғазза 47 дарсад афзоиш ёфтаву 80 дарсад аз сокинони он ниёзҳои рӯзонаи худро аз кӯмакҳои хориҷӣ таъмин мекунанд.

Дар ин гузориш омадааст, муҳосираи 10- солаи борикаи Ғазза аз сӯйи режими саҳюнистӣ нақзи ошкори ҳуқуқи иқтисодиву иҷтимоии сокинони ин минтақа аст.

Режими Исроил аз январи соли 2006 дар пайи пирӯзии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) дар интихоботи маҷлиси Фаластин, бо ҳадафи сарнагунии ин ҷумбиш, борикаи Ғаззаро аз ҳаво, замин ва дарё муҳосира кардаасту беэътино ба тавсияҳои байналмилалӣ ба муҳосираи ин минтақа идома медиҳад.

Акнун гузаргоҳи Рафаҳ дар марзи борикаи Ғазза бо Миср танҳо маконе аст, ки сокинони Ғазза метавонанд аз тариқи он бо ҷаҳони хориҷ дар иртибот бошанд, ки ин гузаргоҳро низ Қоҳира бештари рӯзҳои сол мебандад.

 

Барчасп