Ҳамлаи паҳподии муқовимати Ироқ ба сарзаминҳои ишғолӣ
Муқовимати исломии Ироқ аз иҷрои амалиёти зидди як ҳадафи ҳаётӣ дар Ейлот, ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муқовимати исломии Ироқ рӯзи сешанбе эълом кард як ҳадафи ҳаётӣ дар Ейлот, шаҳри "Уммул-рашрош"-ро ҳадаф қарор додааст.
Муқовимати исломии Ироқ тасреҳ кард, амалиёт дар ростои ҳимоят аз борикаи Ғазза ва дар посух ба кушторҳои режими ишғолгари Исроил зидди фаластиниҳо анҷом шуд ва дар сурати идомаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, амалиёти зидди мавозеъи ин режим ташдид хоҳад шуд.
Расонаҳои низомии муқовимати исломии Ироқ низ саҳнаҳое аз партоби се паҳпод ба самти аҳдофи низомии ишғолгарон дар Ейлотро мунташир карданд.
Муқовимати исломии Ироқ дар рӯзҳои гузашта низ аҳдоферо дар сарзаминҳои ишғолӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин мавриди ҳадаф қарор дод.
Режими наслкуши Исроил аз ҳафтуми октябри гузашта бо ҳимояти ҳамаҷонибаи Америка ва кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза ва Каронаи бохтарӣ зидди мардуми бедифоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохта, ки бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошти Фаластин дар борикаи Ғазза, аз замони оғози ин ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ 36 ҳазору 50 нафар шаҳид ва беш аз 81 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.