Май 31, 2024 19:02 Asia/Dushanbe
  • Нови ҳавопаймобари амрикоии «Эйзенҳавер» дучори ҳамлаи яманиҳо
    Нови ҳавопаймобари амрикоии «Эйзенҳавер» дучори ҳамлаи яманиҳо

Сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман бо ишора ба ҳамлаи муштараки Амрикову Англия ба хоки ин кишвар хабар дод, неруҳои яманӣ нови амрикоии «Эйзенҳавер» (Eisenhower) -ро дар дарёи Сурх ҳадаф қарор додаанд.

Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа эълом кард, ки неруи мушакӣ ва дарёии ин кишвар дар амалиёте муштарак нови ҳавопаймобари амрикоии «Эйзенҳавер» -ро дар дарёи Сурх ҳадаф қарор додаанд.

Яҳё Сареъ ишора кард, ки ин амалиёт дар посух ба ҳамлаи бомдодии ҷангандаҳои амрикоӣ ва англис ба хоки Яман ва дар ҳимоят аз мардуми Ғазза анҷом шудааст.

Дар ин баёния омадааст, ки дар ин амалиёт аз мушакҳои крузу боллистик истифода шудаву мушакҳо дақиқан бо аҳдоф бархӯрд доштаанд.

Ҷангандаҳои амрикоиву англисӣ бомдоди имрӯз манотиқеро дар пойтахти Яман ва дар устони Алҳудайда (ғарби Яман) ҳадаф қарор доданд.

Манобеи яманӣ субҳи имрӯз гузориш дода буданд, ки ҷангандаҳои амрикоиву англисӣ дар Алҳудайда сохтмони радиои ин устонро ҳадаф қарор додаанд.

Генерал Яҳё Сареъ дар баёнияи имрӯзи худ ишора кард, ки дар ҳамлаи бомдодии Амрикову Англия 16 яманӣ ба шаҳодат расидаанд ва 41 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

 

Барчасп