Июн 01, 2024 11:50 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Сайидҳасан Насруллоҳ бар нобудии режими саҳюнистӣ

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард ,мавзеъи шаръӣ, фиқҳӣ, ахлоқӣ ва инсонии мо ин аст, ки бояд барои решакан кардани ғуддаи саратонии Исроил аз минтақа тамоми талош худро шабу рӯз ба кор бигирем.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидҳасан Насруллоҳ рӯзи ҷумъа дар суханоне ба муносибати даргузашти оятуллоҳ Алии Кӯронӣ-рӯҳонии шиаи Лубнон гуфт : Режими саҳюнистӣ ҷое дар ояндаи минтақа надорад; Ин ғуддаи саратонӣ бояд решакан шавад.

 Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард , силоҳи муқовимат дар ҳоли таърихсозӣ аст ва режими саҳюнистӣ дар бадтарин шароит аст.

  Сайидҳасан Насруллоҳ афзуд, Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ ба ҷунунаш дар борикаи Ғазза идома медиҳад ва бо исрор ба ҷанг вазъияти режими ишғолгарро бадтар мекунад ва ончи Гади Айзенкот, яке аз аъзои кобинаи ҷанг ва раиси собиқи Ситоди артиши Исроил гуфт, вазъияти «артиши хаста»и Исроилро нишон медиҳад ва душман бо вуҷуди ҳудуди ҳашт моҳ ҷанг ба ҳеҷ дастоварде даст наёфтааст.

 Дабири кулли Ҳизбуллоҳ Лубнон таъкид кард: Ҷабҳаи Лубнон як ҷабҳаи пуштибон ва бахше аз набард аст, ки сарнавишти Фаластин, Лубнон ва минтақаро дар сатҳи калони стратегӣ шакл медиҳад.

  Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: Ҷабҳаи муқовимат беш аз ҳар замони дигаре дар ҷаҳон густурда шудааст, ҷабҳаи муқовимат бузургтар, густурдатар, ҷомеътар ва қавитар аз гузашта шудааст.

  Сайидҳасан Насруллоҳ идома дод: Барои аввалин бор эҳсос мекунем, ки ҷабҳаи муқовимат то ин ҳадд бо ҳаракати донишҷуён дар донишгоҳҳои Амрико ва Ғарб ба унвони бахше аз мавозеъи шрофтмандона, инсондӯстона ва ахлоқӣ дар баробари ҷиноёти Исроил дар Ғазза густариш ёфтааст ва мо дар ҷабҳае қарор дорем, ки ояндаи он равшан ва пирӯзӣ аст.

 

 

Барчасп