Дархости саҳюнистҳо аз Амрико барои тазмини идомаи ҷанг дар Ғазза
Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз дархости кабинаи ҷанги ин режим аз Амрико барои тазмини идомаи ҷанг дар борикаи Ғазза хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории Самои Фаластин, радио ва телевизиони режими саҳюнистӣ рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, мақомоти Исроил нигарон ҳастанд, ки Амрико аз идомаи ҷанг дар борикаи Ғазза дар чорчуби тавофуқи пешниҳодӣ байни Ҳамос ва Тел-Авив ҳимоят накунад; Аз ин рӯ ироаи тазмин аз сӯи Вашингтон барои идомаи ҷанги Ғазза ҳатто пас аз иҷроӣ шудани тавофуқи табодули асиронро хостор шудаанд.
Дар ҳамин робита як манбаъ дар кабинаи Биёмин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт, тасмим барои дархости ин тазмин мумкин аст имкони дастёбӣ ба тавофуқро номумкин кунад.
Гуфтанӣ аст Ҷо Байден-раисҷумҳури Амрико 31 майи 2024 ва дар остонаи интихоботи панҷуми ноябри соли ҷорӣ бо эъломи ин, ки Исроил пешниҳоди ҷадиде барои барқарории оташбас ва табодули асирон ироа кардааст, аз тарафҳо хост ин фурсатро аз даст надиҳанд ва бар сари ин пешниҳод ба тавофуқ бирасанд.
Раисҷумҳури Амрико, ки ба далели ҳимоятҳояш аз режими саҳюнистӣ дар ҷанги кунунии Ғазза дар дохил ва хориҷ аз Амрико таҳти фишори ниҳодҳои байналмилалӣ ва афкори умумии ҷаҳонӣ аст, тасреҳ кард: Пешниҳоди ҷадиди Исроил нақшаи роҳ барои оташбаси пойдор ва озодии ҳама гаравгонҳо (асирон) аст. Медонам иддае дар Исроил бо ин тарҳ мухолифат хоҳанд кард. Ин воқеан як лаҳзаи таъйинкунанда аст. Ҳамос бояд ин тавофуқро анҷом диҳад.