Зарбаи мӯҳлики гурдонҳои Алқассом ба низомиёни саҳюнист дар Рафаҳ
Гурдонҳои шаҳид Изуддин Алқассом-шохаи низоми Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) маҳалли истиқрори низомиёни режими саҳюнистӣ дар шаҳри Рафаҳи борикаи Ғаззаро ҳадаф қарор доданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, гурдонҳои Ҳамос имрӯз душанбе як хона дар урдугоҳи «Алшобура», ки низомиён саҳюнист дар он камин карда буданд, мунфаҷир карданд, ки дар натиҷаи он чандин низомии саҳюнист ба ҳалокат расиданд ва ё захмӣ шуданд.
Шабакаи хабарии Алмаёдин ҳам гузориш дод, ки чархболҳои артиши режими саҳюунистӣ барои ҷамъоварии ҷасадҳо ва захмиҳо дар атрофи ин хона фуруд омаданд ва артиши ин режим бо партоби бомбаҳои дудзо саъй дар пӯшиши амалиёт бар интиқоли ҷасадҳо ва захмиҳоро дорад.
Бархе расонаҳои режими саҳюнистӣ низ аз ҳалокати чаҳор низомӣ ва захмӣ шудани 10 нафари дигар хабар доданд, ки ҳоли 6 нафар аз онҳо вазнин аст.
Режими ишғолгари Қудс пас аз гузашти беш аз ҳашт моҳ аз ҷанг дар борикаи Ғазза натавониста гурӯҳҳои муқовиматро дар як минтақаи кӯчак муҳосира ва ба таслим водорад ва ҳамроҳии афкори умумии ҷаҳониро ба далели ҷиноятҳои ошкор дар Ғазза, аз даст додааст.
Расонаҳои режими Исроил то кунун ба сензураи шадиди артиши Исроил дар эъломи омори талафоти худ эътироф кардаанд; Иқдоме, ки ба далели шумори зиёди талафоти низомиёни саҳюнист дар ҷанги зидди борикаи Ғазза ва тарс аз вокунишҳои бештари дохилӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ анҷом гирифтааст.
Аз ҳафтуми октябри соли гузашта (2023) то кунун, теъдоди кулли низомиёни саҳюнисти кушташуда дар ҷараёни ҷанги Ғазза ва амалиётҳои шаҳодатталабонаи фаластиниён беш аз 640 нафар будааст.