Яман 3 киштии дигари вобаста ба Исроилро бо мушак ҳадаф қарор дод
Июн 15, 2024 12:09 Asia/Dushanbe
Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман аз ҳамлаи муваффақиятомези ин кишвар ба 3 киштии дар ҳоли хадамотрасонӣ ба режими саҳюнистӣ хабар дод.
Ба гузориши Порстудей, Яҳё Сареъ панҷшанбешаб бо баёни инки артиши Яман дар 24 соати гузашта се амалиёти низомӣ алайҳи киштиҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ анҷом додааст, гуфт: Киштиҳои «verbena», «seaguardian» ва «athina» бо мушак ва паҳпод ҳадаф қарор гирифтаанд.
Неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман аз замони оғози ҷанги Ғазза бо ҳадафи ҳимоят аз мардуми Фаластин дар баробари ҷиноёти саҳюнистҳо иқдом ба ҳадаф қарор додани киштиҳое мекунанд, ки дар ҳоли паҳлугирӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ва тиҷорат бо режими саҳюнистӣ ҳастанд; иқдоме, ки фишори сангинеро бар иқтисоди Тел-Авив ворид кардааст.