Ифшогарии як мақоми низомии саҳюнист аз фурупошии инзиботи низомии неруҳои исроилӣ
Порс туде-яке аз афсарони баландпояи низомии Исроил изъон кард, артиши ин режим омодагии идомаи ҷангро дар навор Ғазза надорад.
Ҳарчиқадр ки замони бештарӣ аз оғози ҳамалоти Исроил ба навори Ғазза, мегузарад абъоди нотавонии ин режим дар идомаи ҷанги зидди муқовимати Фаластин, беш аз пеши ошкортар мешавад.
Ба гузориши порс туде, як афсари баландпояи исроилӣ бо ишора ба заъфҳои артиши ин режим гуфт: Неруҳои мо руи пушти бомҳо, наздики панҷараҳо ва дохили хонаҳо монанди урдакҳое ки дар майдони тир ҳузур доранд ҳаракат мекунанд.
Ин низомии саҳюнистӣ афзуд, корвонҳои низомиёни исроилӣ дар Ғазза аз ҳеҷ ҳимоятӣ бархурдор нестанд ва бар асоси бархе аз воқеиятҳо, Исроил аз омодаги барои ҷанг дар Ғазза бархурдор нест.
Ками пештар низ Авдед Бур аз аъзоъ парлумон бо ишора ба шикасти режими саҳюнистӣ дар идораи ҷанги Ғазза эътироф кард: Мудирияти заъиф ва шикаст хурда моро ба бадтарин вазъият роҳбурди расонда аст, вазъияте ки мушобеҳи онро дар гузашта суроғ надорем.
Дар ҳамин ҳол, шабакаи 12 телевизиони Исроил низ бо тавваҷуҳ ба пешрафтҳои ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" изъон кард ин ҷунбиши муваффақ шуда аст ки худро дар навори Ғазза тармим кунад.