Июн 19, 2024 13:41 Asia/Dushanbe
  • Фронческо Албанизе, гузоришгари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид
    Фронческо Албанизе, гузоришгари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид

Гузоришгари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар умури Фаластин бо ҳушдор дар бораи идомаи куштори фаластиниён дар борикаи Ғазза гуфт, Исроил аз замони пайдоиш дар ҳоли интиқомҷӯӣ зидди фаластиниён аст.

Фронческо Албанезе, гузоришгари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар умури Фаластин дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Алҷазира” бо таъкиди ин ки Исроил аз замони пайдоиш корзори интиқомҷӯӣ аз фаластиниҳоро оғоз кардааст, афзуд: Системаҳои обу фозилобу беҳдошт тақрибан ба таври комил дар Ғазза ғайрифаъол ҳастанду таҳдиде фаврӣ ва баландмуддат барои ин минтақа ба шумор мераванд”.

Албанезе гуфт, ҳудуди 39 миллион тон зубола дар асари ҳамалоти Исроил ба борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри соли гузашта ба ҷой мондааст, ки худ ба буҳроне бузург табдил шудааст.

Режими ҷаълии Исроил аз ҳвфтуми октябри соли 2023 бо пуштибонии Амрико ва муқобили чашмони созмонҳои ҳуқуқи башариву байналмилалӣ, бо ҳамла ба Ғазза, иқдом ба наслкушии мардуми бедифои фаластинӣ дар ин минтақа кардааст, ки ҳамчунон идома дорад.

Аз оғози ҳамалоти режими наслкуши Исроил ба борикаи Ғазза беш аз 37 ҳазор фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп