Июн 23, 2024 10:48 Asia/Dushanbe

Саҳюнистҳои муътариз ба сиёсатҳои эътилофи ҳоким бар режими Исроил, бузургтарин таҷаммуъи эътирозомез пас аз 7 октябр "Туфони алақсо"-ро дар Тел-Авив баргузор карданд.

Ба навиштаи рузномаи исроилӣ Ядъу Оҳорунут тазоҳурот шомгоҳи рузи шанбе дар Тел-Авив бузургтарин тазоҳурот зидди Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ аз замони 7 октябри 2023 токунун буда аст.

Ҳамчун шанбешабҳои гузашта, ҷамъи зиёдӣ аз исроилиҳо дар нуқоти мухталифи Фаластини ишғолӣ таҷаммуъ карда ва хоҳони баргузарии интихоботи зудҳангом ва инҳилоли кабинаи Натаняҳу дар сояи идомаи ҷанг ва идомадоршудани масаълаи асирони баъд аз 260 руз аз ҷанги зидди Ғазза шуданд.

Созмондиҳандагони тазоҳурот аз ҳамаи шаҳрвандон исроилӣ хостанд то дар ҳафтаи ҷорӣ низ дар эътисоби саросари ширкат кунанд .Бар асоси ин гузориш, шомгоҳи шанбе 70 нуқта аз Фаластини ишғолии шоҳиди таҷаммуъи муътаризон буд дар ҳоле ки 2000 ҳазор нафар низ наздики иқоматгоҳи Натаняҳу таҷаммуъ карданд.

Бани Гонтс раҳбари ҳизби иттиҳоди ин режим ки то чанд рузи пеш худ узви кабинаи ҷанги режими саҳюнистӣ буд ба ҳамроҳ чанд узви парлуон дар минтақаи Карами Ҷот, ҷануби Фаластини ишғолӣ, дар ҷамъ тазоҳуркунандагон буданд.

Дар ҳаминзамина шабакаи 12 телевизиони Исроил эълом кард, неруҳои полиси Исроил бо ҳамла ба тазоҳуроткунандагон дар муқобили мақари ҳизби "Ликуд" дар Тел-Авив бо онҳо даргир шуданд.

Хониводаҳои асирони исроили ҳам бо ба сухра гирифтани газофагуиҳои Натаняҳу дар бораи Ҳамос, гуфтанд замоне ки асирони исроилӣ, дар банд Ҳамос ҳастанд, чигуна Натаняҳу эълом мекунад ки Ҳамос шикаст хурда аст? пас аз гузашти ҳашт моҳ аз таҷовуз бидуни натиҷа ва дастоварди режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ин режими руз ба руз бештар дар буҳронҳои дохилӣ ва хориҷии худ фуру меравад.

Режими Исроили ин ҷангро бидуни дар назар гирифтани ҳар дастовардӣ дар ояндаи бохта ва ҳатто пас аз ҳудуди 9 моҳ натавониста гуруҳҳои муқовиматро дар як минтақаи кучак ки солҳо дар муҳосирааст ба таслими водорад ва ҳамроҳии афкори умумии ҷаҳониро ба хотири иртикоби ҷиноятҳои ошкор дар Ғазза аз даст дода аст,

Барчасп