Ибрози тамоюли Туркия ба одисозии равобит бо Сурия
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i115840-Ибрози_тамоюли_Туркия_ба_одисозии_равобит_бо_Сурия
Раисиҷумҳури Туркия бори дигар нисбат ба одисозии равобит бо Сурия ибрози тамоюл кард.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июл 08, 2024 12:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Туркия ва Сурия
    Ҳамкории Туркия ва Сурия

Раисиҷумҳури Туркия бори дигар нисбат ба одисозии равобит бо Сурия ибрози тамоюл кард.

Ба гузориши ИРНА, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ибрози умедворӣ кард, равобити Туркияву Сурия ба вазъияте, ки дар гузашта буд, бозгардад.

Эрдуғон бо ишора ба миёнҷигарии Русияву Ироқ дар бораи азсаргирии равобити Анкара - Димишқ гуфт: Раисиҷумҳурии Русия ва нахуствазири Ироқ низ қасд доранд бо раисиҷумҳури Сурия дар бораи равобити Туркияву Сурия дидору гуфтугӯ кунанд.