Июл 11, 2024 09:32 Asia/Dushanbe
  • Вахомати авзои сиёсӣ дар Исроил

Ду вазири кабинаи эътилофии Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ вазъияти эътилофи ҳокимро вахим тавсиф кардаву дастёбӣ ба тавофуқ бо муқовимати Фаластинро танҳо роҳи ҳал барои хуруҷ аз буҳрон донистанд.

Вазъияти номуносиби дохилии режими саҳюнистӣ ва ташдиди ихтилофот ва дар натиҷа дудастагӣ байни сарону тӯдаи саҳюнистҳо дар сояи нокомӣ дар ҷанг алайҳи борикаи Ғазза ба авҷи худ расидааст.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи Ирна, ба нақл аз шабакаи 12 режими саҳюнистӣ, Мики Зоҳар, вазири ба истилоҳ фарҳанги режими саҳюнистӣ дар бораи вазъияти шиканандаи эътилофи ҳоким ба раёсати Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, ба иллати ихтилофоту танишҳои дохилӣ ва фишорҳои берунӣ ҳушдор дод: Вазъияти эътилофи мо бад аст ва мумкин аст, ки аз ҳам бипошад ва ин амр ба шикасти мо дар ҷанг мунҷар хоҳад шуд.

Зоҳар ҳамчунин дар бораи дастёбӣ ба тавофуқ бо муқовимати Фаластин барои табодули асирон гуфт: Миёни ағлаби аъзои кабинаву нахуствазир тамоюли қавӣ барои расидан ба тавофуқ вуҷуд дорад.

Аз сӯи дигар, Ави Дихтер, вазири кишоварзии режими саҳюнистӣ низ пас аз нокомии 9 моҳаи Исроил дар бозгардондани асирони саҳюнист аз борикаи Ғазза гуфт: Аз тавофуқи табодули усаро ҳимоят мекунему гузинаи дигаре ҷуз ин надорем.

Дар ҳамин ҳол Авигдор Либерман, вазири ҷанги пешину раиси ҳизби мавсум ба «Исроил битну»-и режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба муқовимати ҳизби ҳоким ба раёсати Натанёҳу дар муқобили дархости баргузории интихоботи зудҳангоми Кнессет (порлумон)-и ин режим гуфт: Пеш бурдани таърихи интихобот гузинаи хубе нест, аммо бадтар аз он, мондани Натанёҳу дар қудрат аст.

Шикаст аз муқовимати Фаластину Лубнон танишҳо байни мақомоти режими ишғолгарро афзоиш додаву мухолифони кабинаи ҳоким хостори баргузории зудтари интихоботи зудҳангом ва барканории нахуствазир ҳастанд.

 

Барчасп