Ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба мавозеъи режими саҳюнистӣ
Неруҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон дар посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва ҳимоят аз миллати Фаластин мавозеъи ин режимро дар шимоли Фаластини ишғолӣ ҳадаф қарор доданд.
Дар ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 токунӯн 38 ҳазору 345 нафар шаҳид ва 88 ҳазору 295 нафари дигар захмӣ шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, расонаҳои исроилӣ эълом карданд, ки ду мӯшаки зидди зиреҳ ба самти шаҳракҳои саҳюнистнишин воқеъ дар шимоли Фаластини ишғолӣ шиллик шуд.
Дар ин гузориш омадааст, бар асари шиллики ин мӯшакҳо бахши бештаре аз ин шаҳракҳо ба хомӯшӣ фурӯ рафт.
Аз сӯи дигар, расонаҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд, ки бахши уржонс(ёрии тъҷилӣ)-и ин режим ҳадафи ҳамлаи сайберии густарда қарор гирифтааст.
Расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд, ки хутути иртиботии Созмони оташнишонӣ ва имдоди Исроил дучори ихтилол шуда ва имкони тамос бо марокизи урожонс ва бахшҳои изтирорӣ вуҷӯд надорад.
Чанде пеш ҳакерҳо ба вебсайти шабакаи хабарии саҳюнистии «Волло» ҳамла ва онро аз дастрас хориҷ карданд.