Ансоруллоҳи Яман: Ҳамла ба Тел Авив оғози иқдомоти танбеҳӣ аст
Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман гуфт: Амалиёти паҳподӣ дар Тел Авив, муқаддамаи густариши иқдомоти танбеҳии оянда аст.
Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман бомдоди ҷумъа эълом кард, ягони паҳподии неруҳои мусаллаҳи Яман, ба як ҳадафи муҳим дар минтақаи ишғолии Ёфо, ки Исроил онро Тел Авив меномад, ҳамла кардааст.
Вай афзуд, ин амалиёт бо истифода аз як паҳподи родоргурез ба номи «Ёф » анҷом шуд ва бо муваффақият ба аҳдофи аз пеш таъйин шуда, даст ёфт.
Сартип Яҳё Сареъ ҳамчунин идома дод, Тел Авив аз ин пас ноамну ҳадафи аслӣ ва дар тирраси силоҳҳои ин кишвар аст.
Яҳё Сареъ бо баёни инки Яман, бонки аҳдофи низомӣ ва амниятии ҳассос дар умқи Фаластини ишғолиро дар ихтиёр дорад, таъкид кард, амалиёти неруҳои мусаллаҳи Яман дар пуштибонӣ аз муборизони Борикаи Ғазза, ки аз умматҳои исломӣ ва арабӣ дифо мекунанд, идома хоҳад ёфт ва ин амалиёт то замони таваққуфи таҷовузу лағви муҳосираи миллати Фаластин, мутаваққиф нахоҳад шуд.