Мақоми Ансоруллоҳ: Посухи яманиҳо кӯбанда ва дарднок хоҳад буд
(last modified Sun, 21 Jul 2024 05:43:28 GMT )
Июл 21, 2024 10:43 Asia/Dushanbe
  • Мақоми Ансоруллоҳ: Посухи яманиҳо кӯбанда ва дарднок хоҳад буд

Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман хитоб ба саҳюнистҳо гуфт: Бозгашт ба ҷое, ки аз онҷо омадед, гузинаи пеши рӯйи шумост ё инки дар паноҳгоҳҳо бимонед ва ҳимояти Амрико суде барои шумо нахоҳад дошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз канали телеграмии шабакаи «Алмаёдин», Алӣ Алқаҳум дар вокуниш ба таҷовузгариҳои режими саҳюнистӣ ба устони Алҳудайда ва ҳадаф қарор додани ҳадафҳо ва марокизи ғайринизомии ин устон гуфт: Ба саҳюнистҳо мегӯем зиёд хушҳол набошед, зеро посухи дардноки яманиҳо дар роҳ аст ва аз посух ва муҷозоти яманиҳо дар амон нахоҳед монд.

 Алқаҳум афзуд: Мо таъйид мекунем, ки куниш бо вокуниши мушобеҳ ҳамроҳ хоҳад буд ва ин муодилаи собит дар қоъидаи даргирӣ аст, ки аз ин тариқ даргирӣ густариш хоҳад ёфт ва паёмад ва натиҷаи он барои душманон вахим ва ногувор хоҳад буд.

 Ӯ хотирнишон кард, ки амалиёти мо монанди зилзилае (вайронгар) барои мутаҷовизон хоҳад буд ва бо он Исроил нобуд хоҳад шуд ва посухи Яман ба таҷовузи Исроил қатъӣ, маҳкам ва шадид аст ва ин посух зиёд тӯл нахоҳад кашид.

 Алқаҳум гуфт: Набарди тӯлони (дар роҳ) аст ва саҳюнистҳо бояд товони сангин бидиҳанд ва бояд зарбаҳои маҳкамро таҳаммул кунанд ва дасти яманиҳо бар рӯйи моша(оташкушоӣ) аст.