Июл 23, 2024 13:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Теҳрон-Димишқ
    Ҳамкории Теҳрон-Димишқ

Раисиҷумҳури Сурия дар дидори ҳайати Эрон, бар умқи равобиту тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.

Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия рӯзи душанбе мизбони Алиаасғари Хоҷӣ, мушовири аршади вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар умури вижаи сиёсӣ ва ҳайати ҳамроҳ буд, ки дар ин дидор бар умқи равобити Сурияву Эрон ва тақвияти ҳамкориву ҳамоҳангӣ байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.

Мушовири аршади вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар умури вижаи сиёсӣ ҳам дар ин дидор дар иртибот бо масоили мухталиф, ба вижа равобити дуҷониба гуфтугӯ кард.

Алиасғари Хоҷӣ ҳамчунин бо Файсал Миқдод, вазири умури хориҷа ва муҳоҷирони Сурия низ дидор дошт ва дар бораи равобити ду кишвар гуфтугӯ кард.

 

Барчасп