Идомаи ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i116292-Идомаи_ҳамалоти_артиши_режими_саҳюнистӣ_ба_борикаи_Ғазза
Ҳамалоти заминиву ҳавоии артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ҳамчунон идома дорад ва шумори шуҳадову захмиҳо дар ин борика дар ҳоли афзоиш аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 26, 2024 17:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза
    Ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза

Ҳамалоти заминиву ҳавоии артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ҳамчунон идома дорад ва шумори шуҳадову захмиҳо дар ин борика дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи хабаргузории “Меҳр”, дар ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба як бинои маскунӣ дар шарқ ва маркази шаҳри Ғазза, 5 нафар ба шаҳодат расиданду чандин нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ минтақаи Раҳмаҳ, дар ғарби урдӯгоҳи Насирот, воқеъ дар маркази борикаи Ғаззаро бомбаборон карданд.