Таҳдид кардани Эрдуғон ба марг тавассути вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ
(last modified Mon, 29 Jul 2024 10:40:08 GMT )
Июл 29, 2024 15:40 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Эрдуғон ба марг аз сӯи вазири саҳюнистӣ
    Таҳдиди Эрдуғон ба марг аз сӯи вазири саҳюнистӣ

Вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркияро ба марг таҳдид кард.

Ба гузориши рӯзи душанбеи Хабаргузории садо ва симо, Исроил Катс, вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ дар шабакаи иҷтимоии “Икс” бо интишори аксе аз Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳурии Туркия навишт: "Вай Исроилро ба ҳамла таҳдид кард, аз ин рӯ марг дар интизораш аст. Эрдуғон по ҷои пои Саддом гузошта. Ба ёд биёварад он ҷо чӣ иттифоқе афтода ва чӣ гуна ба поён расидааст?"

Ин мавзеъгирии Катс дар вокуниш ба изҳороти Эрдуғон аст, ки гуфта буд: Туркия метавонад дар Исроил мудохила кунад, ҳамонтавр, ки дар Қарабоғу Либия мудохила кард ва ҳеҷ чиз монеъ аз анҷоми ин кор намешавад.

Эрдуғон афзуд: “Бояд хеле қавӣ бошем то Исроил натавонад ин корҳоро дар Фаластин анҷом диҳад”.