Август 09, 2024 18:16 Asia/Dushanbe
  • СҲИ иқдоми террористии Исроил дар Теҳронро ҳамла ба ҳокимияту амнияти миллии Эрон унвон кард
    СҲИ иқдоми террористии Исроил дар Теҳронро ҳамла ба ҳокимияту амнияти миллии Эрон унвон кард

Порс-тудей. Созмони Ҳамкории Исломӣ бо маҳкум кардани террори шаҳид Исмоили Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар Теҳрон, режими Исроилро масъули ин иқдоми ҷинояткорона донист.

Созмони Ҳамкории Исломӣ чаҳоршанбешаб дар баёнияи поёнии нишасти изтирории Кумитаи иҷроии вузарои хориҷаи ин созмон, дар бораи террори шаҳид Исмоили Ҳания, ин иқдоми режими саҳюнистиро ба шиддат маҳкум ва таъкид кард, ин террор таарруз ба ҳокимияти Эрон аст.

Ба гузориши “Порс-тудей”, дар баёнияи поёнии ин нишаст гуфта шуд: Террори Ҳания ҷинояте мутаҷовизонаву нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ба шумор меояд.

Созмони Ҳамкории Исломӣ дар бахши дигаре аз ин баёния, идомаи ҷанг дар Фаластини ишғолӣ ва куштори гуруҳии мардуми Фаластин дар борикаи Ғазза ва Каронаи бохтариро, ки мунҷар ба шаҳодату ҷароҳати беш аз 140 ҳазор фаластинӣ ва ҳамчунин кӯчи иҷбории беш аз 2 миллион шаҳрванди ин кишвар шуда, қавийян маҳкум кард.

Пештар Ҳусайн Иброҳим Тоҳо, дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ дар ин нишаст гуфта буд, пофишории режими ишғолгари Исроил дар ҷиноёт, нақзи тамомии тобуҳо, одобу русум, қавонин ва қатъномаҳои байналмилалӣ аст.

Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ бо баёни ин ки иқдоми террористии Исроил дар Теҳрон ҳамла ба ҳокимияту амнияти миллии Эрон ва нақзи ошкори қонуну ҳуқуқи байналмилал ва мафоди маншури СММ аст, аз Шӯрои амният хост, ки ба масъулияти худ амал кардаву тадобири лозимро барои водор кардани режими ишғолгар ба эҳтиром ба қонуни байналмилал ва таваққуфи таҷовузоташ ва ҳамчунин барқарории оташбас дар Ғазза иттихоз кунад.

Нишасти изтирории кумитаи иҷроии вузарои хориҷаи Созмони Ҳамкории Исломӣ рӯзи чаҳоршанбе бо дастури кори баррасии идомаи ҷиноёти саҳюнистҳо алайҳи мардуми Фаластин ва ҳамчунин абъоди таҷовузи режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расонидани Исмоили Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин – ҲАМОС ва нақзи ҳарими ҳокимияту амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон тавассути ин режим дар Ҷиддаи Арабистон баргузор шуд.

 

Барчасп