Август 12, 2024 12:09 Asia/Dushanbe
  • Густариши ваҳшати саҳюнистҳо аз посухи талофиҷӯёнаи меҳвари муқовимат
    Густариши ваҳшати саҳюнистҳо аз посухи талофиҷӯёнаи меҳвари муқовимат

Дар пайи террори шаҳиди Исмоили Ҳания , режими саҳюниситӣ аз бими табаъоти сангинии посухи талофиҷӯёнаи меҳвари муқовимат , ҳолати омода боши нерӯи ҳавоии ин режимро тамдид кард .

« Исмоили Ҳания » раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( ҲАМОС ) ва яке аз муҳофизонаш 31 июл бар асари ҳамлаи террористӣ дар Теҳрон ба шаҳодат расид .

Ба гузориши Ирно , торнамои воллои режими саҳюнистӣ дар ин бора аз афзоиши вазъият омода боши иттилооти низомӣ ва нерӯии ҳавои Исроил бо тавваҷуҳ ба баровардҳои посухи қарибалвуқуъи Эрон , хабар дод .

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар бораи посухи интиқомҷӯёнаи Эрон ба ин режим дар гуфтугӯ бо,вазири дифои Амрико гуфт : Эрон дар ҳоли омода шудан барои як ҳамлаи бузург ба Исроил аст ва баровардҳои дастгоҳи иттилоотии Исроил нишон медиҳад ҳамлаи интиқомҷӯёнаи Эрон дар посух ба террори Ҳания тайи рӯзҳои оянда анҷом хоҳад шуд .

Барчасп