Чигуна ахлоқиёти исроилӣ таҷовузгарони ҷинсӣ тарбият мекунад?
(last modified Sun, 25 Aug 2024 05:03:12 GMT )
Август 25, 2024 10:03 Asia/Dushanbe
  • Чигуна ахлоқиёти исроилӣ таҷовузгарони ҷинсӣ тарбият мекунад?

Порс тудей - Исроилиҳо бар ин боваранд, ки дар “ ҷанги доимӣ” барои бақо, ҳар иқдоме валав ғайриинсонӣ қобил тавҷеҳ аст.

Воковии завоёи ахлоқӣ ва равоншинохтии воқеаи ваҳшатноки таҷовузи ҷинсӣ ба фаластиниён, метавонад парда аз абъоди идеалогия ва ҳамчунин низоми тарбиятии саҳюнизм бардорад. Аз ин рӯ, канкоши он аҳамияти вижае дорад. Дар ин ёддошт аз маҷаллаи Порс тудей, саъй шуда нигоҳе мухтасар ба бахше аз он андохта шавад:

Дар ҳафтаҳои ахир, интишори тасовире аз таҷовузи гуруҳӣ ба зиндониёни фаластинӣ тавассути нигаҳбонони исроилӣ дар боздоштгоҳи “Sadi Timan” дар саҳрои Нақб, вокунишҳои шадиди ҷаҳониро барангехтааст. Ҳарчанд ин ҳодиса ба шиддат такондиҳандааст, вале бахше аз ҷомеаи Исроил ба дифо аз ин рафтори ғайриинсонӣ пардохтаанд. Дар пайи дастгирии даҳ сарбози захира, ки дар филмҳои мунташир шуда машғӯл ба таҷовуз ба зиндониёни фаластинӣ буданд, мавҷе аз эътирозот аз сӯи гуруҳҳои рости ифротӣ, шомили бархе аз вузарои давлат, дар ҳимоят аз ин афрод бархест.

Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти Исроил дар ин робита гуфт: таҷовузи гуруҳӣ барои амният муҷоз аст.

Ҳамчунин Bezalel Smotrich, вазири дороӣ ба ҷои ибрози нигаронӣ аз худи ҳодисаи таҷовуз, аз интишори ин филмҳо ибрози хашм карду хостори таҳқиқу муҷозоти афроде шуд, ки ин филмҳоро ифшо кардаанд.

Ин ҳаводис танҳо ба чанд ифротии хориҷ аз ҷараёни аслии ҷомеъаи Исроил маҳдӯд намешавад, балки нишондиҳандаи як масаълаи густардатар дар низоми ахлоқии исроилиҳо аст. Режими Исроил дар тули даҳаҳои гузашта ба таври систематӣ фаластиниёнро аз арзишҳои инсонӣ, тиҳӣ нишон медиҳаду ононро ба унвони афроде бо стандартҳои ахлоқии камтар аз исроилиҳо ба тасвир мекашад. Ин фроянд бадунболи он аст то дар расона аз фаластиниён ҳувияти инсонишонро халъ кунаду ононро ба мавҷӯдоте зистшинохтӣ тақлил медиҳад.

Ба иборати дигар, фаластиниён ба унвони “ҳайвоноти инсонӣ” шинохта мешаванд, ҳамонтавр, ки Фрэнсис Фанон, файласуфи зидди истеъмор, ин фарояндсозии истеъморгаронро тавсиф кардааст.

Бо ин равиш, ба фаластиниён ба унвони афроде, ки ба лиҳози ахлоқӣ нотавон ва беарзиш ҳастанд, нагириста мешавад ва дар натиҷа, хушунату таҷовуз ба онон на танҳо ғайриахлоқӣ маҳсӯб намешавад, балки дар бархе маворид ба унвони иқдоме ахлоқӣ тавҷеҳ мешавад. Ба ин тартиб, сарбозони исроилӣ, ки ин таҷовузотро муртакиб шудаанд, ба далели бовар ба бартарии ахлоқии худу ғайриинсон будани тарафи муқобил, эҳсоси гуноҳ намекунанд ва ҳатто аз ҳимояти бахшҳои бузург аз ҷомеъаи исроилӣ бархӯрдор мешаванд.

Бад-ин шакл, низоми арзишии режими Исроил, бо таъкид бар “ бартарии ахлоқӣ” сарбозони худ ба гӯнае тарроҳӣ шудааст, ки хушунат алайҳи фаластиниёнро тавҷеҳ мекунад. Расонаҳои аслии режими Исроил низ аз онсӯ ба таври маъмӯл иқдомоти артиши ин режимро, монанди дастури тахлияи шаҳрвандони фаластинӣ аз манотиқи ҷангӣ, ба унвони шавоҳиди аз ахлоқӣ будани артиши Исроил ба тасвир мекашанд, дар ҳоле, ки воқеият ин аст, ки ин шаҳрвандон дар манотиқи кучактару ноамнтар маҳбус мешаванд ва дар ниҳоят дар ҳамон ҷо ҳадаф қарор мегиранд.

Исроилиҳо бар ин боваранд, ки дар ин “ҷанги доимӣ” барои бақо, ҳар иқдоме қобили тавҷеҳ аст.

Фориғ аз он ва аз нигоҳи нажодпарастонаи ғарбӣ, эътиқод ба ин ки режими Исроил бояд ба унвони намояндаи тамаддуни Ғарб дар муқобили барбарияти Ховари Миёна биҷангад, тавҷеҳи дигар барои хушунатҳои Исроил алайҳи фаластиниён фароҳам мекунад.

Дар ниҳоят, натиҷаи ин низоми арзишии маъюби яҳудӣ - саҳюнистӣ, чизе ҷуз инҳитоти ахлоқӣ барои инсони ин рӯзгор нест, инҳитоте, ки метавонад ба тавҷеҳи иқдомоти ваҳшатноке монанди таҷовузи гуруҳӣ мунҷар шавад. Улгӯ ёфтан аз он дар ҷангҳо низ ҷавомеъи мухталифро таҳдид мекунад. Ҳеҷ чиз хатарноктар аз фурӯпошии ахлоқии мусаллаҳ ба бовари қотеъ ба бартарии нажодии худ нест.