Август 26, 2024 12:04 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 700 низомии саҳюнист дар ҷанги Ғазза
    Кушта шудани 700 низомии саҳюнист дар ҷанги Ғазза

Порс Тудей - Артиши режими саҳюнистӣ аз талафоти ҷадиди худ дар набардҳои ҷорӣ дар Ғазза хабар дод .

Артиши режими саҳюнистӣ ба кушта ва захмӣ шудан 2 низомии дигари ин режим дар набардҳои ҷорӣ дар Ғазза изъон кард . Ба гузориши Порс Тудей , яке аз аъзои гардони 202 артиши режими саҳюнистӣ дар набардҳои ҷорӣ дар борикаи Ғазза кушта шуд ва як низомии дигар аз гардони муҳандисии артиши ин режими ҳам ба шиддат захмӣ шудааст. 

Ба ин тартиб ва бар асоси омори артиши режими саҳюнистӣ , шумори низомиёни исроилӣ ки аз ҳафтуми октябри соли гузаштаи милодӣ кушта шуданд ба 700 нафар мерасад ки 337 тан аз онҳо дар ҷараёни юриши заминии артиши ин режим ба борикаи Ғаззаи кушта шудаанд .