Август 31, 2024 13:31 Asia/Dushanbe
  • Гузоришгари вежаи СММ: Ҳузури Исроил дар Каронаи бохтарӣ ғайриқонунӣ аст

Гузоришгари вежаи СММ ҳузури режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдунро ғайрқонунӣ донист.

 Режими саҳюнистӣ аз рӯзи чаҳоршанбе амалиёти густурдаеро дар Тубос, Ҷинин ва Тӯлкарм-воқеъ дар шимоли Каронаи бохтарӣ оғоз карда, ки то кунун ба шаҳодати камаш 22 нафар мунҷар шудааст.

 Ба гузориши ИРНА,Франческо Албанияз-гузоришгари вежаи СММ рӯзи ҷумъа бо ишора ба афзоиши даргириҳо дар минтақаи ғарби Осиё аз сӯи Исроил иддаои Исроил дар бораи инки ҳамалоташ ба Каронаи бохтарии рӯди Урдун бар асоси қонуни дифоъ аз худ асоснок астро «беэътибор» ва ғайриқонунӣ донист ва гуфт , истифодаи Исроил аз қонуни дифоъ аз худ ироаи як «машрӯъият»и бепоён барои ҳифзи таҷовузи ғайриқонунии худ алайҳи тамомияти сарзаминӣ ва истиқлоли сиёсии Фаластин аст.

 Ин мақоми Созмони Милал афзуд , 20 сол пеш додгоҳи Гаага ташхис дод, ки Исроил «наметавонад бар асоси модаи 51 маншури СММ барои тавҷеҳи девори худ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ба дифоъ аз худ истинод кунад.

 

Барчасп