Сентябр 03, 2024 19:09 Asia/Dushanbe
  • Канорагирии фармондеҳи нируи заминии артиши режими саҳюнистӣ

Фармондеҳи нируи заминии артиши режими саҳюнистӣ аз мақоми худ канорагирӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , артиши режими саҳюнистӣ дар баёнияе эълом кард, ки Тамир Идъи-фармондеҳи нируи заминии артиш ба далоили шахсӣ аз мақоми худ канорагирӣ кардааст.

 Расонаҳои саҳюнистӣ пештар Идъиро номзади ҷонишини раиси Ситоди кулли артиши режими Исроил муаррифӣ карда буданд.

Хабари истеъфои Идъи дар ҳоле мунташир мешавад, ки шабакаи 13 телевизиони Исроил рӯзи сешанбе ба нақл аз шуморе аз мақомоти олирутбаи ин режим эълом кард, ки артиш қасд дорад бори дигар ба сурати густурда ба шимоли борикаи Ғазза ҳамла кунад.

 Бо гузашти ҳудуди 11 моҳ аз ҷанг алайҳи навори Ғазза, даргириҳои шадид миёни низомиёни режими ишғолгар ва муборизони муқовимат дар бахшҳои мухталифи ин минтақа дар ҷараён аст.

 Ин ҷанг, ки режими саҳюнистӣ онро бо ду ҳадафи эъломшудаи нобудии ҷунбиши Ҳамос ва бозгардондани асирони саҳюнист дар ҳафтуми октябри 2203 ба роҳ андохт, то кунун ба аҳдофи худ нарсидааст.

 

Барчасп