Сухангӯи Созмони Милал : Ҳеҷ мадрасае дар Ғазза дар дастрас нест
(last modified Tue, 10 Sep 2024 06:13:32 GMT )
Сентябр 10, 2024 11:13 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи Созмони Милал : Ҳеҷ мадрасае дар Ғазза дар дастрас нест
    Сухангӯи Созмони Милал : Ҳеҷ мадрасае дар Ғазза дар дастрас нест

Сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид эълом кард ҳамзамон бо шурӯи соли таҳсилӣ дар борикаи Ғазза , беш аз 600 ҳазор ҷавон барои як соли дигар аз дастрасӣ ба омӯзиши расмӣ маҳрӯм ҳастанд ва ҳеҷ мадрисае дар Ғазза дар дастрас нест .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,  Сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид гуфт дар 200 мадрасае ки ин Созмон дар борикаи Ғазза идора мекунад бештари онҳо ба паноҳгоҳӣ барои оворагони фаластинӣ табдил шудаанд. Вай ҳамчунин гуфт , тарҳи воксинасиюни фалаҷи атфол дар борикаи Ғазза ба раҳбарии Созмони Милал идома дорад .

Сухангӯи Созмони Милали Муттаҳиди афзуд , таваққуфи худруҳои Созмони Милал аз сӯи низомиёни режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза низ дар ҳоли баррасӣ аст .Артиши режими наслукаши Исроил , рӯзи душанбе ( 9 сентябр ) корвоне аз худруҳои Созмони Милали Муттаҳид дар шимоли борикаи Ғаззаро бо ин иддао ки теъдодӣ аз “ мазнунони фаластинӣ “ дар корвон ҳастанд ва мехоҳад аз онҳо бозҷӯӣ кунад , мутаваққиф кард .

« Антонио Гутерриш » Дабирикули Созмони Милали Муттаҳид бо баёни инки ҳаргиз чунин сатҳе аз маргу вайрониро надидааст , эълом кард ки Созмони Милал пешниҳоди назорат бар ҳаргуна оташбас дар борикаи Ғаззаро додааст .Режими Исроил аз ҳафтуми актябри 2023 ҷанги вайронгариро алайҳи борикаи Ғазза оғоз кардааст .