Сентябр 28, 2024 14:57 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳои байналмилалӣ ба ҷинояти режими саҳюнистӣ дар Бейрут

Ҳамзамон бо ҳамалоти террористии режими саҳюнистӣ ба Бейрут, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз инки ҳеҷ қудрате аз ҷумла Амрико тавоноии «мутаваққиф кардан»-и ҷиноёти режими Исроилро надорад, ибрози таассуф кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Ҷозеф Боррел бомдоди шанбе гуфт:Ба назар мерасад Натанёҳу ба идомаи ҷанг дар Ғазза ва Лубнон исрор дорад.

 Боррел гуфт: Фишори дипломатӣ барои оташбас бенатиҷа аст ва ба назар мерасад касе наметавонд Натанёҳуро на дар Ғазза ва на дар Каронаи бохтарӣ мутаваққиф кунад.

 Боррел, ки дар ҷамъи хабарнигорон дар Нию-Йорк сӯҳбат мекард, аз ибтикори Амрико ва Фаронса барои оташбаси 21 рӯза дар Лубнон ҳимоят кард ва онро ибтикоре унвон кард, ки режими саҳюнистӣ бо ташдиди ҳамалот ба Лубнон, ба он беэътиноӣ мекунад.

 Сайид Аббос Ироқчӣ, Сергей Лавров ва Ҳокон Фидон-вазирони хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон,Русия ва Туркия низ дар нишасте дар Нию-Йорк танишофриниҳои режими саҳюнистиро маҳкум карданд.

 Вазири хориҷаи Канада низ пас аз ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Бейрут гуфт, ки бо Наҷиб Миқотӣ-нахуствазири Лубнон гуфтугӯ ва таъкид кардааст, ки дар ин кишвар набояд ҷанге рух диҳад.

 Вай бомдоди шанбе дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Шаҳрвандон бояд муҳофизат шаванд ва мо ба як оташбаси фаврӣ миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ ниёз дорем.

 Наҷиб Миқотӣ низ дар вокуниш ба ин ҳамла гуфт: Ин ҳамла бори дигар собит кард, ки душмани исроилӣ ба талошҳо ва дархостҳои байналмилалӣ барои таваққуфи ҷанг таваҷҷуҳе намекунад.

 Миқотӣ аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки ба масъулияти худ дар боздорандагӣ дар баробари режими саҳюнистӣ ва таваққуфи саркашии он ва ҷангу куштори ҷамъӣ, ки алайҳи Лубнон ба роҳ андохта, амал кунад.

 

 

Барчасп