Бомбаборони маҳалли сукунати оворагони Фаластин дар шаҳри Ғазза
(last modified Tue, 01 Oct 2024 09:16:35 GMT )
Октябр 01, 2024 14:16 Asia/Dushanbe
  • Бомбаборони маҳалли сукунати оворагони Фаластин дар шаҳри Ғазза

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ мактаби маҳалли оворагони фаластиниро дар шаҳри Ғазза бомбаборон карданд.

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бо бомбаборони як мактаби оворагони фаластинӣ дар маҳаллаи Ат-Тифоҳ дар шарқи Ғазза 6 шаҳрванди фаластиниро ба шаҳодат расонданд.

Режими ҷаълии саҳюнистӣ аз 7 октябри соли 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ куштори густардаеро дар навори Ғазза ва Каронаи бохтарӣ алайҳи мардуми бедифоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохта ва сукути ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар қиболи ҷиноятҳои режими ишғолгари Исроил сабаби идомаи куштори занону кӯдакони фаластинӣ тавассути мошини ҷангии режими номашруи саҳюнистӣ шудааст.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, шумори шаҳидони Ғазза аз оғози амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” ба 41 ҳазору 615 нафар ва шумори захмиён ба 96 ҳазору 359 нафар расидааст.