Партоби мушаки мофавқи савт (фаросавт) аз Яман ба Тел-Авив
(last modified Tue, 01 Oct 2024 10:27:20 GMT )
Октябр 01, 2024 15:27 Asia/Dushanbe
  • Партоби мушаки мофавқи савт (фаросавт) аз Яман ба Тел-Авив

Расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, партоби мушаки мофавқи савт аз Яман ба Тел-Авив шумори зиёде аз саҳюнистҳоро роҳии паноҳгоҳ кард.

Расонаҳои режими Исроил гузориш доданд, дар натиҷаи партоби мушакҳои мофавқи савт аз сӯи Яман, беш аз якуним миллион шаҳракнишини исроилӣ ба паноҳгоҳҳо гурехтанд.

Расонаҳои наздик ба Ансоруллоҳи Яман низ гузориш доданд, ки артиши ин кишвар як мушаки боллистик ба самти Тел-Авив партоб кард, ки садои инфиҷори он дар савоҳили Тел-Авив шунида шуд.

Неруҳои мусаллаҳи Яман чанд рӯзи пеш низ бо истифода аз мушаки боллистики мофавқи савти “Фаластини 2” Тел-Авивро ҳадаф қарор доданд.

Неруҳои мусаллаҳи Яман эълом кардаанд, ки дар ҳимояту пуштибонӣ аз миллати Фаластин ва муқовимати Лубнон, омодаи иҷрои амалиёти низомии бештаре зидди низомиёни артиши режими саҳюнистӣ ҳастанд.

Артиши режими саҳюнистӣ илова бар таҳоҷум ба борикаи Ғазза, аз ҳафтуми октябри соли гузашта, дар ҷадидтарин ҷинояти субҳи душанбеи 23 сентябр, ҳамалоти густарда ба манотиқи мухталифи ҷануби Лубнон оғоз кард, ки ҳамчунон идома дорад.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Лубнон, дар натиҷаи ҳамалоти густардаи артиши режими ҷинояткори Исроил ба Лубнон беш аз 800 нафар шаҳид ва дастикам 3 ҳазор нафар захмӣ шуданд.