Октябр 03, 2024 11:34 Asia/Dushanbe
  • Кадом пойгоҳи низомии режеми Исроил дар ҳамлаи бузурги ирониён тахриб шуд?
    Кадом пойгоҳи низомии режеми Исроил дар ҳамлаи бузурги ирониён тахриб шуд?

Порс Тудей- Дар пайи маҷмуъаи ҳамалоти мушакии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бар зиддӣ аҳдоф ва таъсисоти низомӣ ва амниятии режими саҳюнистӣ ( амалиёти Ваъдаи Содиқи 2) се пойгоҳи ҳавоии низомии асли ин режим ба шиддат тахриб шуд.

Сарлашкари Муҳамади Боқирӣ раиси Ситоди кули неруҳои мусаллаҳ Эрон гуфт : Се пойгоҳи ҳавоии низомии аслии режими саҳюнистӣ ; Мосад ба унвони маркази террор ; пойгоҳи ҳавои Навотим ба унвони пойгоҳи ҳавоии Оф 35 , пойгоҳи ҳавои Ҳатзерим (Hatzerim ) ҳадафи ҳамлаи мушакии Сипоҳи Посдорон воқеъ шуд . Ба гузориши Порс Тудей , сарлашкари Боқирӣ дар идомаи ташреҳи ҳамлаи мушакии Сипоҳи Посдорон ба амокини низомии режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ , афзуд : Ҳамчунин дар ин амалиёт радарҳои роҳбурдӣ ва марокизи таҷаммуъи танкҳо нафарбарҳо ва нафароти режими саҳюнистӣ дар минтақаи перомуни Ғазза ки қатли оми мардуми Ғаззаро бар ӯҳда доштанд мавриди ҳадаф қарор гирифт .

Бар асоси иттилоъияи Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ , алирағми инки минтақаи номбурда бо пешрафтатарин ва пурҳаҷмтарин сомонаҳои падофандӣ муҳофизат мешуд 90 дарсади шиллекҳо бо муваффақият ба аҳдоф исобат кардааст. 

Дар пайи ҳамлаи мушакии Эрон ҳамчунин ожирҳои хатар дар шаҳри  Умм-ал -Фаҳм(Umm al-Fahm), Юкнеам (Yokneam) ва дигари шаҳракҳо дар шимоли Фаластини ишғолӣ ба садо даромаданд .

Дар ҳамин ҳол хабарнигори низомии канали 13 телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод ки Эрон ба пойгоҳҳои низомии ҳамлаи мушакӣ кард ва мӯшакҳои он ба манотиқи ғайринизомӣ исобат накардааст .

Ин шабака ҳамчунин шомгоҳи сешанбе фош кард ки Нитанияҳу ва  шуморӣ аз вузарои Исроилии чандин соъат аст ки дар макони амн дар зерзамин дар шаҳри Қудс пинҳон шуданд .

Ба дунболи шиллеки даҳҳо мӯшаки эронӣ ба мавозиъи режими саҳюнистӣ ; ҳамзамон фаъолияти фурудгоҳи Ben-Gurion дар шаҳри Тел-Авиви ба таври комил мутаваққиф шуд .

Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ сешанбе шаб дар иттилоъияе эълом кард : Дар посух ба шаҳодати Исмоили Ҳания , Сайид Ҳасани Насруллоҳ ва сарлашкари посдор Аббос Нилфурўшон қалби арозии ишғолиро ҳадаф қарор додааст .

Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар ин иттилоъияе таъкид кард : Ин амалиёт дар чаҳорчӯби ҳаққи дифоъи машрӯъ ва барасоси қавонини байналмилалӣ анҷом гирифта ва ҳаргунаи ҳамоқати душман ба сӯрати вайронгар ва пушаймонкунанда посух дода хоҳад шуд .

Барчасп