Худсузии ҳомии Фаластин ва Лубнон муқобили Кохи Сафед
Порси Тудей-яке аз муътаризон ба таҷовузи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ва Лубнон муқобили Кохи Сафед худро ба оташ кашид.
Дар ҷараёни тазоҳуроти густардаи ҳомиёни Фаластину Лубнон муқобили Кохи Сафед дар Вашингтон, як муътаризи амрикоӣ худсузи кард .
Ба гузориши Порс тудей ин тазоҳуркунанда ҳангоми ба оташ кашидани худ, фарёди озодии Фаластин сар дод .
Тазоҳуркунандагон дар Вашингтон бо баргузарии тазоҳуроти густардаи муқобили Кохи Сафед ба тадовуми ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва Лубнон ва ҳимоятҳои Амрико аз ин ҷиноёт эътироз карданд.
Пеш аз ин дар 25 феврал Орун Бушнел, халабони ҷавони амрикоӣ, дар эътироз ба ҳимояти Кохи Сафед аз наслкушии ошкори мардуми Фаластин дар борикаи Ғазза аз суи режими Исроил дар иқдомӣ эътирози пас аз забти тасовири видео, худро муқобили сафорати режими саҳюнистӣ дар Вашингтон ба оташ кашид .
Режими Исроил аз 7 октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густардаи ҷадидиро дар борикаи Ғазза зиди мардум бедифо ва мазлӯми Фаластин ба роҳ андохта аст .
Бар асоси охирин гузоришҳо дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза токунун афзун бар 41 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 96 ҳазор нафар низ маҷруҳ шудаанд дар ҳоле ки режими саҳюнистӣ баъд аз гузашти як сол аз ҳамла ба Ғазза, натавониста аз ҷанги фарсоиши дар ин борика пируз хориҷ шавад, ҳамлоташро алайҳи Лубнон аз 23 сентябр оғоз карда аст.
Режими Исроил аз соли 1917 бо тарроҳии истеъмори Англис ва аз тариқи муҳоҷират додани яҳудёни кишварҳои мухталиф ба сарзамини фаластиниҳо эҷод ва дар соли 1948 мавҷудияти он эълом шуд. Аз он замони тарҳҳои куштори ҷамъии мухталифи барои наслкушии мардуми Фаластин ва тасоҳуби тамоми сарзамини онҳо анҷом шуда аст .
Шумори кишварҳо бо пешоҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳомиёни ҷиддии инҳилоли режими истиъмори Исроил ва бозгашти яҳудён ба кишварҳои аслии худашон ҳастанд.