Шаҳодати ҳафт нафар дар ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон
(last modified Sat, 12 Oct 2024 04:55:59 GMT )
Октябр 12, 2024 09:55 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати ҳафт нафар дар ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон

Дар ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон камаш ҳафт нафар шаҳид ва 12 нафар захмӣ шуданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ҷумъашаб атрофи шаҳри Аннабтия ва шаҳракҳои Аль-Набатия, аль-Фуқо, Кафар Табанит  ва Ал-Бисориё дар шаҳристони Сайдо, ҷануби Лубнонро бомбаборон карданд.

 Артиши режими саҳюнистӣ аз 23 сентябр, ҳамлаҳои густурда ба манотиқи мухталифи ҷануби Лубнонро оғоз кард, ки то кунун идома дорад.

Тибқи гузориши Вазорати беҳдошти Лубнон, ҳамалот ин режим то кунун садҳо шаҳид ва ҳазорон захмӣ барҷой гузоштааст.

 Ҳизбуллоҳи Лубнон низ дар муқобили ҳадаф қарор гирифтани ғайринизомиён дар ин кишвар сукут накард ва амалиётҳои гуногуне зидди мавозеъи низомӣ ва шаҳракҳои саҳюнистнишин дар шимоли Фаластини ишғолиро дар дастури кор қарор дод ва тайи рӯзҳо ва соатҳои гузашта бо партоби садҳо мушак, мавозеъи рижеми саҳюнистиро мушакборон кард.

 Бино бар эъломи Вазорати беҳдошти Лубнон, дар ҳамалот режими саҳюнистӣ ба Лубнон аз ҳаштуми октябри 2023 то кунун 2 ҳазору 169 нафар шаҳид ва 10 ҳазору 212 нафар захмӣ шудаанд.