Мухолифати кабинаи амниятии режими саҳюнистӣ барои ҳамла ба Эрон
Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз мухолифати кибинаи амниятии (ҷанг) ин режим бо ҳамла ба Эрон дар посух ба амалиёти Ваъдаи содиқ 2 хабар доданд.
Шабакаи Алҷазираи Қатар ба нақл аз шабакаи 13-и режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки нишасти шаби гузаштаи аъзои кабинаи амниятии режими Исроил дар хусуси анҷоми ҳамлаи ҳавоӣ ба Эрон дар ҳоле поён ёфт, ки аъзо ба ин ҳамла раъй надоданд.
Ин шабака ба нақл аз як манбаъи амниятии режими саҳюнистӣ афзуд: Кабинаи амниятӣ дар хусуси посух ба ҳамлаи мушакии Эрон раъй надод ва тасвиби онро то наздик шудан ба замони иҷро ба таъхир андохт.
Пештар бархе аз расонаҳо ба нақл аз мақомоти режими саҳюнистӣ аз ҳамлаи ҳавоии наздикҳангоми ин режем ба аҳдофе дар хоки Эрон хабар дода буданд.