Ироқчӣ бо раисиҷумҳури Миср дидор кард
(last modified 2024-10-18T14:04:46+00:00 )
Октябр 18, 2024 19:04 Asia/Dushanbe
  • Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон
    Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон

Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон дар Қоҳира бо Абдулфаттоҳ Сиси, раисиҷумҳури Миср дидор кард.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба манзури дидору гуфтугӯ дар бораи таҳаввулоти Ғаззаву Лубнон бо мақомоти аршади мисрӣ дар Қоҳира ҳузур дорад, асри дирӯз бо раисиҷумҳури ин кишвар дидору табодули назар кард.

Ироқчӣ пештар дар ростои ройзаниҳои минтақаӣ дар хусуси охирин таҳаввулоти Ғаззаву Лубнон ва талош барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ ба Лубнон, Сурия, Арабистон, Қатар, Ироқ, Уммон ва Урдун сафар ва бо мақомоти аршади он кишварҳо ба баҳсу табодули назар пардохтааст.