Римо Ҳасан: Исроилиҳо Синворҳое барои 10 насли оянда халқ карданд
Шеваи шаҳодати Яҳё Синвор бозтоби густурдае дар фазои маҷозӣ доштааст.
Намояндаи парлумони Аврупо, бо бознашри ёддоште аз Клод ал-Хол, ки навиштааст: Артиши Исроил бо интишори филми лаҳзаҳои поёнии Синвор, иштибоҳи бузурге анҷом дод,чунин навишт: Онҳо Синворҳое барои 10 насли оянда халқ карданд.
Ба гузориши шабакаи иҷтимоии Х , Римо Ҳасан- ҳуқуқдони фаронсавӣ - фаластинӣ ва намояндаи парлумони Аврупо аз ҳизби «Фаронсаи таслимнопазир», бо бознашри ёддоште дар шабакаи иҷтимоии «Х» аз Клод ал-Хол, корбари лубнонӣ, ки навиштааст: «Артиши Исроил бо интишори филми лаҳзаҳои поёнии Яҳё Синвор, иштибоҳи иртиботии бузургеро анҷом дод. Ўро захмӣ мебинем, як дасташ қатъ шуда ва то охирин лаҳза бо як чӯб меҷангад. Дасташ афсона сохт», навишт: «Онҳо (исроилиҳо) Синворҳое барои 10 насли оянда халқ карданд».