Амалиёти мушакии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шимоли Фаластини ишғолӣ
(last modified Mon, 21 Oct 2024 04:40:15 GMT )
Октябр 21, 2024 09:40 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти мушакии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шимоли Фаластини ишғолӣ
    Амалиёти мушакии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба шимоли Фаластини ишғолӣ

Саҳоб - муқовимати исломии Лубнон аз ҳамлаи мушакӣ ба подгони ишғолгарони саҳюнист дар Ҳумаи шаҳри ишғолӣ “ Сафед “ хабар дод .

Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон ( Исно ) , муқовимати Лубнон дар баёнияе  эълом кард , размандагони муқовимати исломӣ дар ҳимоят аз миллати собити қадами Фаластин дар Борикаи Ғазза ва муқовимати шуҷоъона ва шарофатмандонаи онҳо ва дар дифо аз Лубнону миллати он , рӯзи якшанбе пойгоҳи “ Филон “ дар “ Руш Бино “ , шарқи шаҳри ишғолии “ Сафед “ро бо мӯшаки ҳадаф қарор доданд .Расонаҳои исроилӣ ҳам гузориш доданд 15 тими итфои ҳариқ дар талош барои маҳори оташсӯзии ношӣ аз ҳамалоти Ҳизбуллоҳ дар шаҳри Сафед ҳастанд .